Амалишавии лоиҳаи илмӣ-грантӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (АКС)

Амалишавии лоиҳаи илмӣ-грантӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (АКС)
Октябр 28
10:39 2019

Соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино лоиҳаи грантии илмии “Ҷорӣ намудани таълимӣ мултимедӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ”-ро, ки аз ҷониби сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) бо мақсади дастрас намудани таҷҳизотҳои илмӣ ҷудо гардида буд, бурд намуд. Лоиҳаи грантии илмӣ аз ҷониби сафоратхонаи кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо гардида, ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизотҳои дар соҳаи тиб истифодабаранда равона карда шудааст. Мақсади асосии лоиҳаи болозикр ин беҳтар намудани таълими тиб тавассути ҷорӣ намудани системаи нави мултимедиа ва таълими амалии донишҷӯён бо микроскоп мебошад.

Дар доираи ин лоиҳа ба донишгоҳи мазкур 8 микроскопҳои замонавӣ, микроскопи бо компютер пайвастшаванда ва дорои хусусияти сабткунӣ дошта барои муаллим ва 7-то микроскопи муосир барои донишҷӯён дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дастрас ва насб карда шуданд.

Санаи 25 октябри соли равон ҷиҳати расман ба истифода додани синфхонаи мазкур ба озмоишгоҳ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доктори илмҳои тиб профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ва сафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ташриф оварданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки санаи 5-уми июли соли 2019 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доктори илмҳои тиб профессор Маҳмадшоҳ Гулзода сафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевичро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати амалишавии лоиҳаи илмӣ грантии “Ҷорӣ намудани таълими мултимедӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Сафоратхонаи кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.

Дар ин бора сомонаи донишгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 919
  • 1,242
  • 949,939