Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд

Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд
Ноябр 15
12:45 2019

Дар доираи ҳамкориҳои босамари Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо муассисаҳои омӯзишиву таълимии дохиливу хориҷи кишвар 13-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯрии ректори муассисаи мазкур доктори илмҳои тиб профессор Маҳмадшоҳ Гулзода бо меҳмонон, Матиас Глокнер, Директори генералии ширкати стоматологии “Мегадента”-и кишвари Олмон, мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии факултети стоматологияи Донишгоҳи давлатии стоматологии Тошканд  доктори илмҳои тиб профессор Бекҷанова Олга Есановна ва намояндагон аз кишвари Қазоқистон баргузор шуд.

Вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкориҳои тарафайн ва баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти таълим, илм ва фаъолияти тахассусии донишгоҳҳо сурат гирифт.

Директори генералии ширкати стоматологии “Мегадента”-и Олмон ба роҳбарияти донишгоҳ барои истиқбол ва пазироии самимона миннатдории худро баён намуда, мавқеи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”-ро дар омода намудани мутахассисони болаёқати соҳаи тибби кишвар, аз ҷумла дар бахши дандонпизишкӣ баланд арзёбӣ кард. Ҷаноби Матиас Глокнер бо таваҷҷӯҳ ба фаъолияти стоматологии ширкати “Мегадента” таъкид намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”-ро  дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои мустаҳкамкунии пояи кадрии стоматологии донишгоҳ кӯмак хоҳад расонид.

Дар доираи тавсеа бахшидани ҳамкориҳо байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва ширкати стоматологии “Мегадента” чунин тавофуқ ҳосил шуд, ки аз ҷониби ширкати мазкур ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” таҷҳизот ва масолеҳи стоматологӣ барои омӯзиш ва такмили тахассуси донишҷӯён ворид карда мешавад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ширкати стоматологии “Мегадента”-и Олмон яке аз бомуваффақияттарин ширкати ҷаҳонист, ки таҷҳизот ва масолеҳи стоматологиро ба таври комил ба бозори ҷаҳонӣ ворид намуда, муштариён ва тарафдорони зиёде дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 961
  • 1,242
  • 949,981