Хизматулло Шамсзода: “Парчамро метавон сари баланди халқ номид”

Хизматулло Шамсзода: “Парчамро метавон сари баланди халқ номид”
Ноябр 24
09:33 2020

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Шифобахш” чорабинии идона доир гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Хизматулло Шамсзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Шифобахш” зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро бахшида ба ин санаи фархунда муборакбод намуда, ба онҳо  тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Номбурда иброз дошт, ки дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ  Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст.

“Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад”,-зикр намуд ӯ.

“Бо итминони комил метавон гуфт, ки сокинони Тоҷикистони биҳиштосо зери Парчами давлатии худ  барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг,  пойдории сулҳу суботи комил дар кишвар  атрофи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам сарҷамъ хоҳанд шуд,-илова намуд дар идомаи сухани табрикотии хеш Хизматулло Шамсзода.

Ҳамзамон, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ низ ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони хадамот иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур низ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, ҳамзамон доир ба мақоми Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ ба ҳозирин маълумот дода шуд.

Дар идомаи ин чорабинӣ ба ҳозирин вобаста Парчами давлатӣ филми кӯтоҳ намоиш дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 855
  • 989
  • 887,220