Густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи тандурустӣ

Густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи тандурустӣ
Декабр 16
09:55 2019

Дар доираи Конфронси 7-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дирӯз, 15 декабри соли равон дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб вохӯрии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода бо Директори генералии Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Шайх Зойид бин Султон Оли Наҳёни ин кишвар доктор Ҳамад Салим бин Кардус ал-Амерӣ доир гардид.

Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот аз таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки ҳамкориҳои ин ду кишвари дӯст аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз соли 1995 ибтидо гирифта, то ба имрўз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки онҳо барои мустаҳкам намудани муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ Фонди мазкур омодагии худро барои сохтмон ва таҷҳизонидани 5 маркази саломатии деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари хеш Аморати Муттаҳидаи Араб муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода бо Директори генералии Фонди Халифа бин Зойид Оли Наҳён ҷаноби Ҳоҷӣ Муҳаммад ал-Ҳурӣ вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ба узвияти Созмони  ҳамкории исломӣ пайваста, дар ин муддат тавонист бо муҳимтарин кишварҳои аъзои ин созмон, бахусус кишварҳои арабӣ равобиту ҳамкориҳоро ба роҳ монад.

Ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар доираи Комиссияи  байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ба роҳ монда шуда, самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар рафти комиссияи мазкур баррасӣ ва муҳокима мегарданд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда бо Аморати Муттаҳидаи Араб лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»  -ро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраршуда онро бо вазорату идораҳои  марбутаи кишвар мувофиқа намуда, айни ҳол ҳуҷҷати мазкур дар баррасии ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 951
  • 1,242
  • 949,971