Натиҷагирӣ аз Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” (АКС)

Натиҷагирӣ аз Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” (АКС)
Декабр 17
13:43 2019

Имрӯз, 17 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи  васеи Шӯрои координатсионӣ оид ба натиҷагирии татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби  Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Саида Умарзода, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева, Намояндаи дафтари Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  Мутриба Латипова,  офитсери Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Мустафозода,  сардорони раёсатҳо ва кормандони вазорат иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” суханронӣ намуд. Номбурда аз ҷумла зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” басо пурсамар амалӣ гардида, онро ҳамчун як намунаи беҳтарини ҳамкории байни Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ метавон ном бурд.

-Боиси хушнудист, ки  фаъолияти Лоиҳа боз барои дуюним соли дигар тамдид карда шуд, ки дар ин муддат боз корҳои зиёдеро дар сатҳи ноҳияҳо  ба иҷро расонидан мумкин аст. Бахусус, дар 6 ноҳияи таҷрибавие, ки ба ин Лоиҳа нав ҳамроҳ мешаванд, дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, расонидани хизмати босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолии деҳот, рушди нерӯи кадрӣ имконоти зиёде фароҳам хоҳад шуд ва бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ имкониятҳои зиёде барои  шумо фароҳам хоҳад гашт,-афзуд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.

Инчунин, дар чорабинии мазкур  оид ба “Натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияҳои таҷрибавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Мустафозода, офитсери Лоиҳаи мазкур  ва ҳамзамон роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа махсус қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикон оид ба рушд, ки дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд қарор дорад, ба таъмин намудани раванди гузаронидани ислоҳот, беҳтаркунии заминаи моддию техникӣ ва захираҳои кадрии система равона карда шудааст.

Рушди  хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати он ва таъмини тамоми шароит барои беҳдошти сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо  шарикони рушд, ба хусус бо Бонки умичаҳонӣ,  барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар навоҳии дурдасти кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Дар ин самт фаъолияти  Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назаррас арзёбӣ гардид. Дар доира ин Лоиҳа Бонки умумиҷаҳонӣ барои боз ҳам беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ фаъолияти худро дар 10 ноҳия, аз чумла  ноҳияҳои Деваштич, Масчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулови  вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Данғара ва Ёвони  вилояти  Хатлон ва ноҳияи Файзобод амалӣ гардонида истодааст.

Ҳадаф ва вазифаҳои Лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кўмаки аввалияи тиббию – санитарӣ (КАТС) тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ, алалхусус “Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият”, бо ҳамбастагӣ дар такмил додани иқтидори кадрӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС иборат мебошад. Барои ба роҳ мондани фаъолияти босифат 3000 нусха ҳуҷҷати ҳисоботӣ, 353 адад китоби байайдгирии МАНФ ва адабиёти тиббию дастурамали клиники табъу нашр гардида ба тамоми кормандони масъул дастрас карда шудааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки аз тарафи Лоиҳаи мазкур дар ин муддат зиёда 2 ҳазору 800 кормандони тиб дастгирӣ ёфтанд ва зиёда аз як миллиону сесад ҳазор нафар аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ фаро гирифта шуданд. Лоиҳа дар 440 марказу буноҳҳои саломатии 10 ноҳияи таҷрибавӣ бо самар амалӣ гардида, то имруз аз руйи натиҷаи фаъолият, нишондиҳандаҳои  миқдорӣ ва сифатӣ, барои кормандони муассисаҳои тандурустии кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳияҳои таҷрибавӣ дар ҳаҷми зиёда аз 8 миллион доллари ИМА (зиёда аз 75 миллион сомонӣ) ҷудо карда шуда, аз ин ҳисоб қисмати зоҳириву дохилии биноҳои марказҳои саломати деҳот  ва бунгоҳи саломатӣ таъмиру тармим гардидааст.

Бо мақсади беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  ва мустаҳкам сохтани базаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, тибқи нақша 37  муассисаҳои тандурустии самти кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт, ки бо 85 номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, мебели махсус, занҷираи нигаҳдории хунукӣ барои ваксинаҳо, чоҳҳои обкаш ва манораҳо, генератор, сарчашмаи алтернативии истеҳсоли неруи барқ, яъне панелҳои офтобӣ таъмин карда шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади дар сатҳи баланд расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз ҳисоби Бонки умумиҷаҳонӣ ба 7 ноҳияҳо, аз қабили Деваштич, Мастчоҳ, Фархор, Данғара, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ишкошим 20 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ бо харҷи 5 миллиону 640 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва дастрас гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 933
  • 1,242
  • 949,953