Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Декабр 20
14:31 2019

Имрӯз,  20 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, мавзӯъҳои баррасишавандаро муаррифӣ намуд.

Ҳамин тавр, ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат аз рӯи се масъала: “То ба ҷои кор рафтани хатмкардаҳои соли таҳсили 2016 – 2017-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2018-2019 –и “Коллеҷҳои давлатии тиббии ҷумҳурӣ”, “Ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №317 “Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Таҳлили вазъи сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ба ҷумҳурӣ воридгардада”  ҷараён гирифт.

Дар мавзӯъи якуми ҷаласа, яъне “Дар бораи то ба ҷои кор рафтани хатмкардаҳои соли таҳсили 2016-2017-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2018-2019-и “Коллеҷҳои давлати тиббии ҷумҳурӣ” Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, кадрҳо ва илми вазорат С. Раҷабзода баромад намуд.

Бояд қайд кард, ки тибқи талаботи банди 2 моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор уҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол фаъолият намоянд. Чунин мутахассисон то се сол мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд. Тибқи Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №260 ва нуха аз протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №5) мутахассисони ҷавон бояд на камтар аз 3 сол кор кунанд ва дар сурати бе сабабҳои узрнок тибқи роҳхати мақомоти дахлдор кор накардан, мутахассиси ҷавон бояд маблағҳои буҷетиро ба хазинаи муассисаи таълимӣ тибқи тартиби муқаррардида ворид намояд.

Ҳамзамон, тибқи талаботи банди 12-и Қоидаи зикргардида, корхонаю муассиса ва дигар ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо муассисаи таълимӣ шартнома дар бораи ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавонро бастаанд ва уҳдадории худро оид ба таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор тибқи роҳхат иҷро накардаанд, ҳамаи маблағеро, ки давлат барои таҳсили мутахассиси ҷавон харҷ намудааст, ба буҷети давлат бармегардонанд.

Пас аз баромади  Сардори  Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, кадрҳо ва илми вазорат С. Раҷабзода  паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъи мазкур дар ҷаласаи ҳайати мушовара  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар бораи мавзӯъи дуюми ҷаласа, “Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” Бандаев И.С., Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”  суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар доираи амалигардонии равандҳои афзалиятноки “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020”, “Ҳадафҳои рушди устувор”, “Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ” ва «Сиёсати давлатҳои Аврупо дар соҳаи тандурустӣ дар давраи то соли 2020» таҳия гардида, ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ва самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад.

Маълумотномаи мазкур аз 15 банд иборат буда, бо назардошти мӯҳлатҳои пешбинигашта то имрӯз 13 банд пурра иҷро гардида, бандҳои дигар дар ҷараёни амалишавӣ қарор доранд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар маҷмӯъ чорабиниҳои муайянгардидаи ҳуҷҷати мазкур дар мӯҳлатҳои пешбинигашта самаранок амалӣ гардида истодаанд.

Ииттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ оид ба рукнҳои асосии тибби оилавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар давраи ҳисоботӣ як қатор барномаҳои телевизионию радиоӣ ва буклетҳо оид ба  зарари тамоку ба инсон, бемории зуком, пешгирии саратони ғадуди ширӣ, бемориҳои сурхча ва гулафшон, пӯст, асаб, дарунравӣ, кирми руда, сухтанӣ, депрессия, пешгирии рафторҳои номатлуб, бемориҳои ВНМО, ҷоғар, сил, ҳассосӣ, илтиҳоби шуш, гурда, тарбод, диабети қанд, исқоти ҳамл, зарари телефонҳои мобилӣ ва антибиотикҳо, хусусиятҳои шифобахшии асал, нигоҳубини кӯдак баъд аз таваллуд, ғизои солим барои занони ҳомила, садамаҳои нақлиётӣ дар байни ҷавонон, зӯроварӣ дар оила, дарозумрӣ, оби ошомиданӣ ва намаки йодноккардашуда омода карда шуданд . Дар баробари ин, барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС дастурамалҳои амалӣ оиди «Пешгирии бемории камхунӣ», «Бемории ҷоғар ва пешгирии он», «Пешгирӣ ва чораҳои амалӣ баҳри мубориза бар зидди гелминтозҳо» ва оиди бемориҳои дил, ҳассосӣ, табларза омода карда шуданд. Аз он ҷумла, театри сайёр оид ба бемории сил ташкил карда шуд ва зиёда аз 20 ҳазор аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тамошои саҳнаҳои ҷолиб фаро гирифта шуданд.

Дар идомаи ҷаласа паҳлуҳои  мавзӯъи мазкур низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, баҳри бартараф намудани камбудиҳову мушкилоти мавҷуда масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

“Таҳлили вазъи назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ба ҷумҳурӣ воридгардида”-дар мавзӯъи сеюми ҷаласа Давлатзода С.Ҳ., муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ба ҳозирин маълумот дод.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави  таҳсили 2018 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуда буд, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва мӯҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсоли фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯи намояд ва дар натиҷа дар моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 210-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, аз аввали соли 2019 дар асоси ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ корҳо пурзӯр карда шуданд.

Таъмини аҳолии мамлакат бо маводҳои дорувории безарару хушсифат яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дар  11 моҳи соли 2019 Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи нақшаҳо корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фарматсевтӣ, сертификатсиякунонии маводхои доруворӣ ва бақайдгириро идома дод.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2528 муассисаи фарматсевтӣ, аз он ҷумла дар шаҳри Душанбе 507 муассиса, дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 332 муассиса, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 410 муассиса, дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон 302 муассиса, дар вилояти Суғд 910 муассиса ва дар ВМКБ 67 муассиса фаъолият мекунанд.

Дар давраи зикргардида аз тарафи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти  1034  муассисаҳои фарматсевтӣ (аз 1034 муассисаи зери санҷиш қарор дода шуда, 417 муассисаи фарматсевтӣ бо иштироки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ) ва 499 муассисаҳои табобатию профилактикӣ зери санҷиш қарор дода шуданд.

Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ ва ду анборҳои ғайриқонунии ҷумҳурӣ 1266 номгӯи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 131413 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 575 номгӯи маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 98922 адад, 607 номгӯи маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 15518 адад ва 84 номгӯи молҳои тиббии ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда ба миқдори 16973 адад мебошанд.

Пасон аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба масъулини соҳа барои чораандешӣ аз қочоқи маводҳои доруворӣ, пешгирӣ аз муомилоти маводҳои дорувории муҳлати истеъмолашон гузашта ва баҳри бартараф намудани дигар мушкилоту камудиҳои мавҷудаи соҳа супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ВНМО-аз ҷумла гузариш аз модар ба кӯдак, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 918
  • 1,242
  • 949,938