“Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест…”

“Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ нест…”
Январ 20
07:37 2020

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд вохӯрии кормандони сарраёсати мазкур бо масъулони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар мавқеи хоса дошта, он таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».

Сардори шӯъбаи Раёсати Агентии мазкур майори адлия Шоира Мутавалиён Абдувалӣ аз таърихи пайдоиш ва нишонаҳои коррупсия, санад ва қонунҳои дар ин самт қабулгардида дар кишвар, таърихи таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ёдовар шуда, инчунин, оид ба ҳадаф ва мақсади қабули «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»  ба ҳозирин маълумот дод.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш аз вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар вилоят ёдовар шуда, қайд намуд, ки новобаста аз муборизаи қатъӣ бо ин падидаи номатлуб, то ҳанӯз ҳолатҳои даст ба коррупсия задани иддае аз шаҳрвандон вилоят ба назар мерасад.

Дар хотимаи ҷаласа Сардори шӯъбаи Раёсати Агентии мазкур майори адлия Шоира Мутавалиён Абдувалӣ сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварда гуфт: «мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ нест. Аҳли ҷомеа низ набояд аз ин мубориза дар канор бошанд».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983