Шаҳрванди аз Чин таҳвилдодаи Тоҷикистон дар осоишгоҳи Тюмени Россия таҳти назорати тиббӣ қарор дорад

Шаҳрванди аз Чин таҳвилдодаи Тоҷикистон дар осоишгоҳи Тюмени Россия таҳти назорати тиббӣ қарор дорад
Феврал 07
16:59 2020

Ҳайати кормандони осоишгоҳи «Градостроител»-и Тюмени Федератсияи Россия, ки дар он ҷо шаҳрвандони аз Чин таҳвилдода ба карантин фаро гирифта шудаанд, таҳти назорати ҳамарӯзаи тиббӣ қарор доранд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сардори шуъбаи минтақавии «Роспотребнадзор» Галина Шарухо ба хабарнигорон иттилоъ дод.

5 феврал 144 нафар, аз ҷумла 4 нафар кӯдак тавассути ду ҳавопаймои низомӣ аз Чин ба Тюмен  таҳвил дода шуданд. Ҳамаи онҳо давоми 14 рӯз дар маркази табобатию барқарорсозӣ дар масофаи 28 км дуртар аз Тюмен ҷойгир карда мешаванд. Ин тадбири меъёрии амниятӣ барои чунин ҳолатҳост, хабар медиҳад ТАСС.

«Мо тадбирҳои амниятиро, хусусан барои ҳифзи кормандони тиб ҷорӣ намудем. Ҳеҷ кадоме аз кормандон бидуни либоси махсус бо онҳо иртибот намекунад. Ҳамаи кормандон таҳти назорати рӯзонаи тиббӣ қарор доранд. Ҳама чиз дар ҳуҷҷатҳо сабт мешавад. Мо итминон дорем, ки кормандонамонро ҳимоя карда метавонем ва барои ин ҳама тадбирҳоро андешидем», – гуфтааст Шарухо.

Ба гуфтаи ӯ, осоишгоҳ ҳамчун як маркази барқарорсозӣ интихоб гардидааст, зеро, он дар аввал ҳамчун маркази мубориза бар зидди бемории сил сохта шуда буд.

«Дар марказ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, зеро он ҳамчун осоишгоҳи мубориза бар зидди сил бунёд гардида буд», — меафзояд Шарухо.

Дар навбати худ, сардори Раёсати минтақавии тандурустӣ Инна Куликова ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар баробари русҳо ҳамчунин шаҳрвандони Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон низ дар карантин қарор доранд.

«Сокинони минтақаҳои гуногун дар карантин ҳастанд. 16 шаҳрванди давлатҳои хориҷӣ дар карантин мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистонанд. Кӯдакони дар карантинбуда шаҳрвандони Россия мебошанд. Чор нафар кӯдак дар карантин буда, ҳама саломатанд»,- гуфт Куликова.

Галина Шарухо инчунин тазаккур дод, ки бағоҷи шахсони аз Чин таҳвилдода ҳоло ба онҳо баргардонида нашудааст.

«Дар саҳро бағоҷҳо аз берун безарар гардонида шуданд.  Баъдан онҳо бо нақлиёти алоҳида ба осоишгоҳ оварда шуда, ҳоло дар утоқи алоҳида қарор доранд. Он чизе, ки дар дохили бағоҷҳост, метавонад ба соҳибонашон хатарнок бошад. Мо ба «Роспотребнадзор» дархост фиристодем, ки безараргардонии борҳо чӣ гуна сурат мегирад», — гуфт ӯ.

Тавре қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд,  80 нафар тавассути аввалин ҳавопаймои неруҳои ҳарбӣ-кайҳонии Россия аз шаҳри Вуҳани Чин ба вилояти Тюмен таҳвил дода шудаанд, ки ду нафарашон хориҷӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.

ДАР АКС: кормандони маркази табобатию барқарорсозии «Градостроител». Акс аз ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 950
  • 1,242
  • 949,970