87 нафар шахсоне, ки таҳти карантин қарор доштанд, аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе мураххас шуданд.
Бино ба гуфти Сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибзода, ҳамаи ин нафарон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 14 рӯз зери назорати духтурон қарор доштанд. Пас аз таҳлили озмоишгоҳӣ муайян шуд, ки онҳо гирифтори ягон беморӣ нестанд. Аз ин рӯ гурӯҳи аввалини онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуд.
Бино ба зикри номбурда, вазъияти дигар шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, пурра хуб буда, дар онҳо ягон нишонаҳои коронавирус дида намешавад ва таҳлили озмоишгоҳии онҳо низ аз сиҳат буданашон дарак медиҳад.
Қобили зикр аст, ки он шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегарданд, 14 рӯз ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шуда, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардида, пасон ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд. Хушбахтона, то имрӯз дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 14 феврали соли равон шумораи сироятёфтагони коронавирус дар миқёси олам 64 440 нафарро ташкил дода, шумораи шифоёфтагон аз ин сироят наздики 7 ҳазор ва фавтидатон беш аз 1300 нафарро ташкил медиҳад.