Ҷаласаи ситод: масъулин супоришҳои қатъӣ гирифтанд

Ҷаласаи ситод:  масъулин супоришҳои қатъӣ гирифтанд
Март 10
14:52 2020

Имрӯз, 10 марти соли равон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба вазъи кунунии сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутаассифона рӯз то рӯз шумораи кишварҳое, ки дар онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта мешавад, дар ҳоли афзоиш аст.

Бояд гуфт, ки айни замон сирояти коронавирус дар 114 кишвари олам ба  қайд гирифта шудааст. Ин вазъият мутахассисони тоҷик, аз ҷумла масъулони ҳама вазорату идораҳои дахлдори кишварро водор месозад, ки чораҳои қатъиро нисбати пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва боз ҳам пурзӯр намоянд.

Ҳарчанд, ки то имрӯз дар ин  самт чораҳои мушаххас-қатъи парвозҳои ҳавоӣ ба 6 кишвари осебпазири сирояти мазкур, пурзӯр намудани корҳои назорати дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, маҳдуд намудани чорабиниҳои оммавӣ, манъи намозҳои дастаҷамъонаи панҷвақта ва намози ҷумъа, ба истиснои намози ҷаноза ва дигар тадбирҳои андешидашуда рӯйи кор гирифта шудаанд, аммо бо вуҷуди ин, дар сатҳи ҳар як қатор вазорату идораҳои мухталифи кишвар нақшаҳои мушаххаси чораҳои пешгирӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ситоди корӣ ва байниидоравӣ  фаъолият менамояд.

Дар анҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон ҷиҳати пешгирӣ аз интиқоли  вируси мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда, аз 1 феврал то 9 марти соли равон 1566 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 966
  • 1,242
  • 949,986