Нигаронии шадиди вазорат аз нашри хабарҳои беасоси баъзе расонаҳо

Нигаронии шадиди вазорат аз нашри хабарҳои беасоси баъзе расонаҳо
Апрел 23
16:23 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари фавти се шаҳрвандро аз ҷониби сомонаҳои интернетии “Pressa.tj”, “Азия плюс” ва шабакаҳои иҷтимоӣ , ки  гӯё имрӯз, 23 апрел дар Маркази саломатии №1 дар Душанбе, маъруф ба маҳаллаи “1-ум Советский” аз бемории пневмония фавтидаанд, рад намуда, онро комилан беасос ва ғайрикасбӣ арзёбӣ менамояд.

Тавре муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода иброз дошт, вобаста ба марги ин се нафар ба хабарнигори “Prеssa.tj” суҳбате анҷом надодааст: “Дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори “Prеssa.tj” мо танҳо дар бораи сабабҳои фавти 4 нафар дар Маркази саломатии №1 дар Душанбе, ки дирӯз, санаи 22 апрел сурат гирифта буд, гуфтугӯ доштем. Вале аз чӣ бошад, ки хабарнигор чун тарошаи аз бом афтода ҳодисаи дирӯзаро бо имрӯз рабт дода, онро бемасъулиятона ва берун аз меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар сомона ҷой додааст”.

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбати телефонӣ сардабири сомонаи мазкур Шарифи Ҳамдампур низ бо Маркази матбуоти Вазорат иброз намуд, ки ҳангоми омода намудани мавод саҳв рафтааст ва онро ислоҳ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, хабару гузоришҳои бесалоҳиятона ва орӣ аз масъулияти касбӣ, ки вақтҳои охир чӣ дар расонаҳои чопӣ ва чӣ дар сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби хабарнигорон нашр ва пахш мегарданд, нигаронии шадиди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба бор овардааст. Зеро ин ҳолатҳо бори аввал набуда, қабл аз ин аз ҷониби  бархе расонаҳо, афроди алоҳида ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фавти шаҳрвандон хабарҳои бардурӯғ паҳн гардида буданд, ки вазорат оид ба ин масъала баёнияи иттилоотӣ ба нашр расонида буд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори таассуф менамояд, ки хабарнигорон ва гузоришгарон ҷои он ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат тақдирсоз мардумро ба оромӣ ва риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, спрейҳо ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масалан, чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист ва ҳуҷраҳои корӣ ва ғайра даъват намоянд, баръакс, аз рӯи эҳсосот бо ҳангомасозии бе далел мардумро ба  шӯру валвала оварда, дар дили онҳо на танҳо тухми тарсу ҳарос, инчунин, низоъ, нобоварӣ ба Ҳукумат ва вазоратро новобаста ба талошу такопӯ ва заҳматҳои шабонарӯзии табибон ва кормандони санитариву эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус кошта истодаанд.

Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳатто чораҳои пешгирӣ аз коронавирус низ дар ниҳоди баъзе расонаҳову гурӯҳҳои алоҳида  мавриди шубҳа қарор гирифта, ба мавзӯъи хабарсози расонаҳо табдил ёфтааст.

Чунин нодида гирифтанҳо ва нарасидан ба ин талошҳои шабонарӯзии кормандони  соҳаи тандурустӣ аз ҷониби баъзе расонаҳо ва журналистон ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин хулоса овардааст, ки минбаъд ҳар расона,  афроди алоҳида ва хабарнигореро, ки маълумоти носанҷидаву бардурӯғро дар байни аҳолӣ оид ба пайдоиш ва ё хурӯҷи коронавирус паҳн менамояд, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 855
  • 989
  • 887,220