Баррасии масъалаҳои назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон

Баррасии масъалаҳои назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон
Март 27
16:33 2020

Бегоҳии имрӯз, 27 марти соли равон ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати боз ҳам андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як қатор муассиса ва раёсатҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои назорати қатъии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар  ба Тоҷикистон ворид мегарданд, диққати махсус зоҳир гардида, оид ба рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1  феврал то 27 марти соли равон 5919  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида  2050  нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар  карантин  қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то имрӯз, 27 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 952
  • 1,242
  • 949,972