COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 1534 нафар расид

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 1534 нафар расид
Март 30
12:33 2020

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба 1534 нафар расид. Шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин кишвар  зиёд шуда, мутаносибан ба 64 ва 8 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 475 нафар, дар Арманистон ба 424,  Қазоқистон ба 284,  Молдова ба 263, Озарбойҷон ба 209, Ӯзбекистон ба 144 ва  Қирғизистон ба 84 нафар расид.

Дар Беларус шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, 94 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баъзе аз ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 64 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Қазоқистон — 20, Озарбойҷон — 15, Ӯзбекистон – 7, Украина — 6 ва Молдова — 2 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Россия 8 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Украина – 10, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 120 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, дар ҷаҳон беш аз 722 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 33 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 151 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 26 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз Гавриил Григоров/ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 998
  • 1,242
  • 950,018