COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Иттиҳод ба 7101 нафар расид

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Иттиҳод ба 7101 нафар расид
Апрел 03
14:21 2020

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  ба 7101 нафар расид. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар қаламрави Иттиҳод зиёд шуда, мутаносибан ба 510 ва 85 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар Россия шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 4149 нафар, дар Украина ба 942, Арманистон ба 763, Қазоқистон ба 453, Озарбойҷон ба 443, Ӯзбекистон ба 221 ва  Қирғизистон ба 130 нафар расид.

Дар Беларус ва Молдова шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 304 ва 505 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 281 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 43, Озарбойҷон — 32, Қазоқистон — 29, Ӯзбекистон – 25, Молдова — 23, Украина – 19 ва Қирғизистон — 5 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 34 ҳолат, Украина – 23, Арманистон – 7, Молдова – 6, Озарбойҷон – 5, Беларус – 4, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Қирғизистон – 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 273 нафарро ташкил медиҳад, ки 10 нафари онҳо шифо ёфта, 6 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 53 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 213 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 37 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (245373 нафар), Италия (115242), Испания (112065), Германия (84794), Чин (81620), Франсия (59105), Эрон (50468), Британияи Кабир (33718), Швейтсария (18827) ва Туркия (18135) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,036
  • 1,242
  • 950,056