COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Германия — сеюмин давлати аврупоие, ки аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус аз Чин пеш гузашт

COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Германия — сеюмин давлати аврупоие, ки аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус аз Чин пеш гузашт
Апрел 04
12:23 2020

Дар Германия шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 6365 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 91 ҳазору 159 нафар расид. Ҳамин тариқ, Германия сеюмин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,1 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 228 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 59 ҳазор тан гардид.

Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 277 ҳазору 475 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 119 827 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ  мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 14 681 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 119 ҳазору 199 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Германия — 91 159, Чин — 81 639, Франсия — 64 338, Эрон — 53 183, Британияи Кабир — 38 168, Туркия – 20 921, Швейтсария — 19 606, Белгия – 16 770, Нидерланд – 15 723, Канада – 12 549, Австрия – 11 524 ва Кореяи Ҷанубӣ — 10 156 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 76 755 нафар, Испания – 30 513, Германия – 24 575, Италия – 19 758, Эрон – 17 935, Франсия – 14 008, ИМА – 12 283, Кореяи Ҷанубӣ – 6 325, Швейтсария – 4 846 ва Белгия – 2 872 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (14 681 нафар), Испания (11 198), ИМА (7 402), Франсия (6 507), Британияи Кабир (3 605), Чин (3 326), Эрон (3 294), Нидерланд (1 487), Германия (1 275) ва Белгия (1 143) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

ДАР АКС: Табибон дар назди дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш дар беморхонаи Гамбург

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 744
  • 1,242
  • 949,764