“Кормандони ҳамширагӣ ва момодоягиро дастгирӣ кунед!”

“Кормандони ҳамширагӣ ва момодоягиро дастгирӣ кунед!”
Апрел 07
15:16 2020

Бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд.

Мақсад аз таҷлили  санаи мазкур бори дигар аз нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолии ҷаҳон хотиррасон гардонидани ҷомеа мебошад.

Дар ҳамин ҳол роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева мегӯяд, “ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба як проблемаи муҳими глобалии тандурустӣ бахшида шуда, ҳамзамон, аз ҷониби ҳамаи кишварҳо дар Ансамблеяи ТУТ қарор қабул карда мешавад. Имсол соли махсус аст, зеро агар солҳои қабл мавзӯъи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба масъалаҳои бемориҳои дилу рагҳо, саломатии рӯҳӣ, бехатарии роҳ, модар ва ғайра бахшида мешуд, соли ҷорӣ бори аввал дар таърихи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  оид ба рӯзи ҷаҳонии саломатӣ бахшида ба кормандони ҳамширагӣ ва момодоягӣ қарор қабул гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ТУТ ба ин потенсиали бузурги кормандони соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Айни замон дар ҷаҳон 70%-и кормандони тибро ҳамшираҳо ва момодояҳо ташкил медиҳанд, ки нақши онҳо дар таъмини солимии аҳолӣ хеле калон мебошад”.

Галина Перфилева аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона аксар вақт саҳм ва мавқеъи ин табақаҳои соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини саломатии аҳолӣ аз назарҳо дур боқӣ мемонад.

-Тадқиқоти сершумори илмии ТУТ нишон медиҳанд, ки самаранокии ҳар як системаи тандурустӣ ва арзиши иқтисодии он аз самаранокии кор, аз ҷумла кори кормандони акушерӣ муайян карда мешавад. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки 70% корҳои профилактикӣ аз ҷониби ҳамшираҳо ва момодояҳо иҷро карда мешаванд. Дар бисёр кишварҳои олам ҳамшираҳо на танҳо маълумоти ибтидоии касбӣ, балки маълумоти олии тиббӣ низ доранд. Имрӯзҳо дар бисёр давлатҳо ҳамшираҳое ҳастанд, ки доктори илмҳои ҳамширагӣ ва профессорони акушерӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҳамшираҳо ва момодояҳо диққати бештар диҳем,-мегӯяд ӯ.

Дар ҳоле ки имрӯзҳо тақрибан дар аксарият кишварҳои ҷаҳон мубориза бо коронавирус ҷараён дорад, ҳамшираҳо ва момодояҳо низ дар сафи мубориза бо ин сироят  қарор доранд.

-Агар мо ба ҳамшираҳо ва момодояҳо  диққати бештар диҳем ва барои корҳои анҷомдодаашон ба онҳо миннатдорӣ баён намоем, фикр мекунам ин ба манфиати аҳолӣ ва системаи тандурустии тамоми давлатҳо мебошад. Бори дигар тамоми ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ табрик мекунам,-иброз намуд роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева .

Маврид ба зикр аст, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳолати 1 январи соли 2020 115005 кормандон, аз ҷумла занон 82000 нафар фаъолият дошта, шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустӣ 111143 (занон-78911 нафар) ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ 3862 (занон-3089) нафар мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустӣ кормандони умумии тиббӣ 94857 нафар буда, дар сохтори онҳо шумораи умумии табибон 19085 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ 53991 нафар ва кормандони хурди тиббӣ 21781 нафар, инчунин, кормандони дигар 16286 нафарро ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, имсол шиори Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ чунин интихоб гардид: “Кормандони ҳамширагӣ ва момодоягиро дастгирӣ кунед!”

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 740
  • 1,242
  • 949,760