Кӯмаки башардӯстонаи Каритас Олмон

Кӯмаки башардӯстонаи Каритас Олмон
Май 01
13:34 2020

30-юми апрели соли 2020 бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон (Каритас Олмон) ба 16 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона бо арзиши қариб 33,500 евро расонида шуд.

Ин кӯмаки башардӯстона аз 2,000 либоси махсуси муҳофизатӣ, 810 маҷмӯаи воситаҳои беҳдоштӣ ва 400 бастаи маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, ҳадафи он тақвияти тадбирҳои пешгирии COVID-19 мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи ин кӯмак ду беморхона ва ду маркази тавонбахшии шаҳри Душанбе, беморхонаҳои вилоятии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтару Хоруғ, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Исфара, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Истаравшан мувофиқи ниёзҳояшон аз 20 то 200 адад либоси махсуси муҳофизатӣ дарёфт намуданд.

Инчунин, маҷмӯаҳои беҳдоштӣ, (собун, антисептик, моддаи безараргардонӣ ва ғ.) бастаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, равған, шакар, макарон ва ғ.) ба оилаҳои ниёзманд, алалхусус ба онҳое, ки ягон шахси маъюб доранд, дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Исфара ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Истаравшан ва Деваштич тақсим карда шуданд.

Дар доираи кӯмаки башардӯстона тамоми кормандони иҷтимоии шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хонаи шаҳру ноҳияҳои дар боло зикргардида бо маҷмӯаҳои беҳдоштӣ таъмин гардиданд. Ғайр аз ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии манфиатбарандагон дар бораи COVID-19 ва тадбирҳои пешгирии он, варақа (постер)-ҳо ва часпакҳои қоғазии иттилоотӣ тақсим ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Бо мақсади тезонидани тақсимот ва таъмини он, ки кӯмак ба гурӯҳҳои осебпазир ҳарчи зудтар дастрас шавад, Каритас Олмон шарикони маҳаллӣ ва ризокоронро дар шаҳру ноҳияҳои болозикр  ба раванди тақсимот ҷалб кард. Намояндагони Раёсатҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Каритас Олмонро дар тамоми раванди тақсимот ҳамроҳӣ намуданд. Ин барои шахсони дорои маъюбият имконияти хубе буд, ки бевосита бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрда, суҳбат намоянд ва ба саволҳои худ роҷеъ ба хизматрасониҳои ройгони тандурустӣ, таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби давлат пешбинӣ шудаанд, посух гиранд.

Бояд қайд кард, ки дар оғози соли ҷорӣ Каритас Олмон тамоми нақшаҳои амалро дар доираи лоиҳаҳои худ бо мақсади пешгирии пайдоиши эҳтимолии COVID-19 дар ноҳияҳои ҳадафии худ тағйир дод.

Аз ҷумла, шурӯъ аз аввали моҳи апрели соли равон дар доираи фаъолияти ташкилот либосҳои махсуси муҳофизатӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ё маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводҳои иттилоотӣ харидорӣ гардида, ба Хона-интернати Батош, мактаб-интернатҳо, шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 4 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва 4 мактабу 1 КАТС дар ноҳияи Айнӣ тақсим карда шуданд.

Илова бар ин, дар асоси тавсияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам оид ба аломатҳо ва пешгирии COVID-19, ки аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар манбаҳо пешниҳод гардидаанд, Каритас Олмон варақа (постер)-и воқифсозӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ таҳия ва дар ҳаҷми 5000 нусха нашр карда, дар миёни манфиатбарандагони худ тақсим намуд.

Иқдоми мазкур бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи ду лоиҳаи дигари худ оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, ки дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритуз татбиқ мегарданд, гирифта шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 730
  • 1,242
  • 949,750