Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID – 19 дар музофоти Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва паҳншавии он дар саросари ҷаҳон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуд. Ҳанўз 23 январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии кишвар назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ намуд. Натиҷаи чунин чораандешиҳои саривақтӣ ва пурзӯр намудани ташхису назорат буд, ки тӯли беш аз се моҳ, аз оғози ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаҳои пайдоиши коронавирус дар Ҷумҳурии халқии Хитой дар мамлакат ягон ҳодисаи мубталоӣ ба пандемияи COVID – 19 ба қайд гирифта нашуда буд.
Аммо, мутаассифона, 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.
Ба ҳолати субҳи 4 майи соли равон шумораи гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 дар мамлакат ба 128 нафарро ташкил дода, аз миёни онҳо 2 нафар фавтидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.