Семинари омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони ӯзбек

Семинари омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони ӯзбек
Май 11
10:36 2020

10 майи соли равон дар меҳмонхонаи Серена бо иштироки табибони ӯзбекистонӣ семинари омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 баргузор гардид.

Дар рафти семинар аз ҷониби мутахассисони ӯзбек ба табибони тоҷик роҳҳои пешгирӣ ва табобати сирояти коронавирус ва дигар масъалаҳои вобаста маълумот пешниҳод карда шуд.

Чунин семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони ӯзбек ва табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони узбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадаф аз ташрифи табибони ӯзбекистонӣ додани тавсияҳо аз таҷрибаи  хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби кишвари Ӯзбекистон кӯмаки башардӯстона, аз қабили таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Тоҷикистон ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ки қаблан низ  ҷониби Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, дастгоҳи нафасдиҳӣ ва тести озмоишӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 кӯмак намуда буд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 617
  • 1,242
  • 949,637