Видеоконфронс: табодули таҷрибаи табибони тоҷику ӯзбек

Видеоконфронс: табодули таҷрибаи табибони тоҷику ӯзбек
Май 11
15:22 2020

Имрӯз, 11 майи соли равон дар  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 видеоконфронси омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, мутахассисони кишвари Ӯзбекистон, роҳбарони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд,  масъулини беморхонаҳое, ки дар он ҷо  табибон ба табобату ташхис машғуланд ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳии видеоконфронс иброз намуд, ки баргузории чунин вохуриҳо метавонад дар баланд бардоштани савияи дониши  тахассусии кормандони соҳа саҳми назаррас гузорад.

Дар рафти видеоконфронс саволу ҷавоб доир гардида, кормандони соҳаи тандурустии мамлакат аз ҷониби мутахассисони Ӯзбекистон ба саволҳои хеш посух гирифтанд.

Қабл аз оғози видеоконфронс муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ба як қатор намояндагони ВАО вобаста ба фаъолияти мутахассисони ӯзбек маълумот дод.

Тавре муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саида Умарзода иброз намуд,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони ӯзбек  ду раванди омӯзишӣ барои ҳамшираҳои тиб  ҷиҳати пӯшидани тарзи дурусти либоси ҳимояи фардӣ омӯзиш гузаронид, ки онҳо имрӯз метавонанд дар сатҳи ҷумҳурӣ  дигар ҳамшираҳои тибро омӯзонанд, то ин ки худашон гирифтори ин беморӣ нашаванд.

-Ғайр аз ин, мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз ташхисгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои кишвар   дидан намуда,  бо фаъолияти онҳо шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо барои ташкили ду озмоишгоҳи дигар дар мамлакат  кӯмаки хешро расонида, айни замон бо мутахассисон корбарӣ карда истодаанд.

Инчунин, аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мо ду маводи тавсияҳо барои ташхис ва табобати бемории коронавирус пешниҳод карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки аллакай олимони мо низ якчанд дастурамалҳо ва тавсияҳои худро барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат омода карда, ба тамоми  кормандони соҳаи тандурустӣ  дар миқёси ҷумҳурӣ онҳоро  дастрас карда истодаанд.

Имрӯз кормандони соҳаи тандурустии мамлакат аз ҳамин дастурамалҳои муваққатӣ барои ташхис ва табобати бемории сирояти коронавируси нави COVID-19  истифода намуда истодаанд,-афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони узбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадаф аз ташрифи табибони ӯзбекистонӣ додани тавсияҳо аз таҷрибаи  хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби кишвари Ӯзбекистон кӯмаки башардӯстона, аз қабили таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Тоҷикистон ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ки қаблан низ  ҷониби Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, дастгоҳи нафасдиҳӣ ва тести озмоишӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 кӯмак намуда буд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 997
  • 1,242
  • 950,017