16 деабри соли равон дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли равон зимни машварати корӣ пешниҳод гардиданд, ҷаласаи корӣ корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят иштирок намуданд.
Сардори Раёсати тандурустии вилоят Мирзоалӣ Раҷабзода дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни машварати корӣ пешниҳод гардиданд, ба самъи ҳозирин расонид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои тиббии вилоят бо нерӯи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани корҳои сохтмонии муассисаҳои тиббӣ дар вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки бо ҷалби соҳибкорон дар ҷамоат ва шаҳраку деҳоти вилоят бояд корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон тақвият дода шуда, ба масъалаи вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва инчунин дар фасли зимистон ва риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор дар тамоми ташкилоту муассисаҳои тиббӣ шахсони масъул таъин карда шаванд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, махсусан, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат кӯмак расонидан аз анъанаҳои неки мардуми куҳандиёри тоҷик мебошад, ки ин анъана низ бояд имрӯзҳо аз ҷониби ашхоси саховатманд идома дода шавад.
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда, беҳтар намудани хизматрасонии босифати тибби ба аҳолӣ аз ҷониби сардори раёсати тандурустии вилоят ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
(Акс аз бойгонӣ)