Роҳбари Ҳайати СУТ Патрик О’Коннор: Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъи COVID-19 на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд

Роҳбари Ҳайати СУТ Патрик О’Коннор: Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъи COVID-19 на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд
Май 13
06:04 2020

Тоҷикистон ба марҳилаи паҳнкунии коронавируси COVID-19 ворид шуд. Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъ на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд. Дар ин бора имрӯз Роҳбари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Патрик О’Коннор зимни нишасти хабарии мустақим, ки дар он сафари намояндагони созмонро ба Тоҷикистонро натиҷагирӣ менамуд, тазаккур дод.

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор нафар бо чораҳои карантинӣ фаро гирифта шуданд. Ҳукумати мамлакат бо СУТ ва дигар шарикон дар мубориза бар зидди COVID-19 ҳамкорӣ мекунад. Вазорати тандурустӣ дарк менамояд, ки бидуни ҳамбастагии умумӣ ба муваффақият ноил шудан ғайриимкон аст.

Патрик О’Коннор мутаъқид сохт, ки  СУТ  ба маълумоти Вазорати тандурустии  ҷумҳурии мо боварӣ дорад ва дар оянда дар ҳама марҳилаҳои вокуниш ба пайдоиши COVID-19 ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

«Ҳамеша мебояд ба фарзияи бадтарин бо роҳи омодагии муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ ба зиёд шудани шумораи сироятёфтагон, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон ва кормандони соҳаи тиб, омода буд. Ҳоло фурсати таҳкими низоми тандурустӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа барои ҳалли ин мушкилот фаро расидааст.

Гарчанде COVID-19 мушкилоти тандурустӣ аст, вале сарукор бо ин беморӣ ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мақомоти ҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро, ки бояд вокунишро ба хуруҷи COVID-19 тақвият бахшанд, талаб мекунад.

«Мардум бояд донанд, ки чораҳои асосии мубориза бар зидди пандемия ин риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдошти ҷамъиятӣ, мавҷудияти ниқоб ва  нарафтан  ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ин чизест, ки имрӯз ҳам СУТ ва ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия медиҳанд ва риояи ин тавсияҳо зарур мебошад», — гуфт роҳбари ҳайати СУТ.

Зимни нищасти хабарӣ таъкид гардид, ки чорабиниҳои вокуниш ба хуруҷи беморӣ метавонанд аз 12 то 18 ҳафтаи оянда идома ёбад, яъне бояд дар ин давра эҳтиёткор бошем.

Ёдовар мешавем, ки Ҳайати СУТ аз 1 май инҷониб дар Тоҷикистон қарор дорад. Ҳайат бо шахсони баландпоя, шарикон дар соҳаи тандурустӣ ва коршиносони ҷумҳурӣ мулоқот кард.

Ҳадафи асосии боздид он мусоидат намудан дар арзёбии хатарҳо ва арзёбии вазъ дар ҷойҳо, инчунин таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори таҷрибавӣ ва лабораторӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 997
  • 1,242
  • 950,017