Кӯмаки Бонки Осиёгии Рушд барои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус

Кӯмаки Бонки Осиёгии Рушд барои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус
Май 13
06:40 2020

Бонки Осиёгии Рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва бо мақсади дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав  COVID-19 100 ҳазор доллар грант ҷудо намудааст.

Дар марҳилаи хариди маводҳои ниёзи аввалия барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории COVID-19 12 майи соли равон аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд (БОР) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тиббӣ супорида шуд.

Маводҳои тақсимшуда аз антисептик барои дастон, термосканери электронӣ, маводҳои гигиенӣ (мобун, влажний салфетка, сачоқ), маводҳои безараргадонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, камбинезонҳои тиббӣ бо сарпушҳо, хилъатҳои тиббӣ, бахил, сарпӯшҳои тиббӣ, дастпӯшҳои тиббӣ, ниқобҳои тиббӣ иборат мебошанд.

Дар маросими супоридани маводҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед иштирок намуда, кӯмаки Бонки Осиёгии Рушдро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо ин ниҳоди молиявӣ арзёбӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 935
  • 1,242
  • 949,955