Роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи озмоишгоҳҳои ташхисӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз озмоишгоҳҳои зерсохтори вазорат дидан намуд.
Ҳадаф аз боздиди вазир шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти озмоишгоҳҳои зерсохтори вазорат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки барои гузаронидани таҳлили лаборатории сирояти коронавируси нави COVID-19 тибқи талаботҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ озмоишгоҳи дорои бехатарии биологии дараҷаи 3-юм тавсия дода мешавад, ки айни ҳол танҳо Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўи чунин талабот мебошад.
То баста шудани хатисайрҳои ҳавоӣ ба хориҷи кишвар намунаҳои таҳлилӣ барои баҳодиҳии сифати кори озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳрҳои Москва, Навосибирск ва Лондон ба озмоишгоҳҳои референсии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ирсол мегардиданд. Ва натиҷа ҳамон натиҷаеро нишон медод, ки дар озмоишгоҳи вирусологии хадамоти мазкур баҳогузорӣ карда буд.