Май 15
19:27
2020
Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 15 майи соли равон баъд аз шифо ёфтан аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ба хона рухсат карда шуд.
Номбурда санаи 5 майи соли равон бо ташхиси илтиҳоби шуш дар беморхонаи мазкур ба табобат фаро гирифта шуда буд.
Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода хизматрасонии тиббии муассисаро баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба Сартабиби Беморхонаи клинкии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибзода изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.