Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ субҳи имрӯз, 17 майи соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни сафари кории хеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз Беморхонаи марказӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода дидан намуда, ҳамзамон, бо сартабибони шаҳр вохурӣ анҷом дод.
Зимни вохурӣ масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморхонаҳо ва беморон бо маводҳои тиббӣ, андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти COVID-19 ва дар ин замина пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода барои бартараф намудани камбудӣ ва мушкилотҳои мавҷудаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.