Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар шаҳр Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) таъсис дода шуд. Дар марказ мутахассисони соҳаи тиб ба суолҳои сокинон посух медиҳанд. Агар шаҳрвандони шаҳрро ягон нишонаи беморӣ азият диҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагӣ гирифтан хоҳанд, ба Маркази машваратӣ дар тамос мешаванд.
Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) инчунин ба сокинон чиҳати дарёфти табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад. Мақсади Марказ ҳамоҳангсозии фаъолият миёни корафтодагон ва табибон мебошад.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пешгирии пандемияи COVID-19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон буда, дар маҷмӯъ, тамоми неруи некандеш дар ҳамкорӣ алайҳи пандемияи COVID-19 мубориза мебаранд.