Паст гардидани шиддати сирояти коронавируси нави COVID-19 дар вилояти Хатлон

Паст гардидани шиддати сирояти коронавируси нави COVID-19 дар вилояти Хатлон
Июн 02
11:49 2020

Тибқи таҳлилҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон шиддати сирояти коронавируси нави COVID-19 нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат паст гардида, вазъи бистарикунонӣ дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо камтар ба қайд гирифта шудааст. То ин вақт қариб чор ҳазор нафар бо бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, феълан ҳудудан 180 нафари дигар таҳти назорати табибони дармонгоҳҳои вилоят қарор доранд. Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар вилояти Хатлон, ки дирӯз таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, зикр шуд.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус вусъат дода, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корҳои безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо амалӣ шуда истодаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, то ин муддат 1,1 миллион сомонӣ ворид гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 11 миллион сомонӣ барои татбиқи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулони Ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити арзандаи корӣ барои табибони бемористонҳо, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва баланд бардоштани маърифати тиббии кӯдакону наврасон ва ҷавонон, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру супоришҳо дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 908
  • 1,242
  • 949,928