Дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии назди муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ки дирӯз дар ноҳияи Варзоб бо ишитироки масъулин баргузор гардид, гузориш дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили ҳолати воқеии пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромад.
Дар доираи ин сафар дирӯз дар ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ҷаласаи ҷамъбастӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ба муовини Сарвазири мамлакат гузориш дода шуд, ки дар беморхонаи ноҳияи Варзоб низ охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, ҷавоб шуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар пешгирии ин сироят сар аз давраи гӯшанишинӣ то бартарафкунии он раиси ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва дигар масъулин саҳми арзанда гузоштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Ширин Исматуллозода бори дигар таъкид кард, ки корҳои безараргардониро дар ноҳия давом дода, бо аҳолӣ хамеша дар тамос бошанд.
Ёдовар мешавем, ки давоми чанд рӯзи охир чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.
АКС аз бойгонӣ