Соҳибкорони вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави КОВИД-19 тадбирҳои муҳимро амалӣ месозанд

Соҳибкорони вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави КОВИД-19 тадбирҳои муҳимро амалӣ месозанд
Июн 05
08:15 2020

Дар вилояти Хатлон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ, ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Кӯшониён як коргоҳи истеҳсоли маводи антисептикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба иттилои раиси ноҳия Икромиддин Вализода, ин коргоҳ дар як шабонарӯз 10 ҳазор дона маҳсулоти антисептикӣ истеҳсол карда, талаботи ноҳияро пурра ва вилоятро қисман бо ин воситаи безараргардонии дастҳо бо нархи дастрас таъмин карда метавонад. Қобили зикр аст, ки ҳамзамон дар корхона 8 зан бо ҷои кор таъмин шуд.

Корхонаи дӯзандагии “Ахтари Вахш”-и ноҳияи Вахш ба истеҳсоли ниқоби муҳофизатии тиббӣ шурӯъ кард. Ниқобҳо аз матои хушсифат истеҳсол шуда, барои чанд дафъаи истифода пешбинӣ шудаанд. 15 бонуи дӯзандаи коргоҳ дар як рӯз 2 ҳазор дона ниқоб омода мекунад.

Бо ибтикори Отахон Сайидзода, роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳунармандон ва дигар кормандон бо истифода аз шароити мавҷуда ниқоби тиббӣ дӯхта истодаанд. Зиёда аз ин, онҳо ин воситаҳои муҳофизати даҳону биниро ҳамроҳ бо маводи антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотии фарогири тавсияҳо оид ба гигиенаи шахсӣ асосан дар деҳотҷойҳо ройгон тақсиммекунанд.

Садорати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар заминаи парки технологии дорои 11 мошинаи дарздӯзӣ омодасозии ниқобҳои тиббиро ба роҳ монд. Ин ниқобҳо, ки намунаашон аз Сарраёсати Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон дастрас шудааст, барои ҳайати 11-ҳазораи донишҷӯёну устодони ин боргоҳи маърифат пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ширкати “Фарм – Текст”-и ноҳияи Данғара, ки се моҳ қабл дар баробари дигар маҳсулот барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ махсус гардонда шуд, то кунун зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор ниқоби тиббии дорои сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳоро истеҳсол кард. Дар ин хусус ба мо Файзиддин Сайфуллоев, роҳбари корхона, хабар дод.

Ин тадбирҳои соҳибкорону масъулон, ки то замони нест шудани вируси нав идома хоҳанд кард, бешак, барои солимии аҳли ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 974
  • 1,242
  • 949,994