Июн 05
12:53
2020
Имрӯз, 5 июни соли равон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои КАТС ва госпиталии шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ масъалаи тартиби бистарикунонӣ, рухсатшавӣ ва назорати амбулатории беморон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки тартиби мазкур баъди тасдиқ шудан ҷиҳати корбарӣ ба муассисҳои тандурустии мамлакат ирсол карда мешавад.