Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом

Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом
Июн 05
16:40 2020

5 июни соли 2020 дар шаҳри Конибодом ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд.

Дар ҷаласаи ситод роҳбарияти шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардухтурони беморхонаҳо ва раисони ҷамоатҳо ҳузур доштанд.

Дар ситод таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини солимии ҷомеъа аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, ба беморхонаҳо маводи зарурии тиббӣ дастрас гардидааст.

Новобаста аз ин, бояд дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводи антисептикӣ иловатан захира карда шавад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ низ бояд ҷоннок гардида, раисони ҷамаотҳо ва фаъолон барои пешгирии беморӣ байни мардум ташвиқоту тарғиботро пурзӯр намоянд.

Сокинон бояд хуб дарк кунанд, ки гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз хона метавонад омили сироятёбӣ гардад. Бинобар ин, ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва сари вақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳр барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ғалла, меваи зардолу, иҷро намудани нақшаи кишти картошка, зиëд намудани масоҳати замини шолӣ, таъмини заминҳо бо оби полезӣ, ба роҳ мондани коркарди меваҷот ва фаъолсозии корхонаҳои коркарди мева супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 961
  • 1,242
  • 949,981