COVID-19. Кумакҳои башардӯстонаи давлатҳои Кувайт ва Исроил ба Тоҷикистон расиданд

COVID-19. Кумакҳои башардӯстонаи давлатҳои Кувайт ва Исроил ба Тоҷикистон расиданд
Июн 06
12:13 2020

5 июн  тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт кумакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғонимиборат иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе расиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 22 тонна кумакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним   аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 иборат мебошанд.

Инчунин, соҳибкори кувайтӣ 38 ҳазор либоси муҳофизатии тиббиро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.

Дар ин росто, 2 июн кумаки башардӯстонаи Давлати Исроил иборат аз 4000 адад ниқоби тиббӣ, 500 адад камбизонҳои ҳимоявӣ ва 35 адад ҳароратсанҷи барқӣ барои мубориза бо бемории сироятии коронавирус аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод» ба Тоҷикистон расид.

  АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 1,036
  • 1,242
  • 950,056