COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 121 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 121 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид
Июн 10
07:54 2020

Ба ҳолати 10 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 121 ҳазору 751 нафар зиёд шуда, ба 7 миллиону 318 ҳазору 131 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 602 ҳазору 601 кас шифо ёфтаанд ва 413 ҳазору 648 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 045 549 нафар), Бразилия (742 084), Россия (485 253), Британияи Кабир (289 140), Испания (289 046), Ҳиндустон (276 146), Италия (235 561), Перу (203 736), Германия (186 516) ва Эрон (172 114) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (788 862 нафар), Бразилия (325 602), Россия (242 397), Германия (170 200), Италия (168 646), Туркия (144 598), Эрон (138 457), Ҳиндустон (134 670), Чили (95 631) ва Чин (92 929) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (114 148 нафар), Британияи Кабир (40 883), Бразилия (38 497), Италия (34 043), Франсия (29 296), Испания (27 136), Мексика (14 649), Белгия (9 619), Германия (8 831) ва Эрон (8 425) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 973
  • 1,242
  • 949,993