Бо мақсади омодагии муассисаҳои хизматрасонӣ, аз он ҷумла ошхонаю тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, марказҳои савдо, мағозаю бозорҳо баъди сабук кардани чораҳои карантинӣ ба риояи ҳатмии қойдаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоб, риояи масофаи байни ҳамдигарӣ, ҳамзамон, дар даромадгоҳҳо санҷидани ҳарорати бадани шаҳрвандон ва истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ, аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида шуд.
Мутахассисони хадамоти мазкур дар иншоотҳои зикргардида бо кормандони муассисаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ намудани бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби шуш ва бемории короновируси нави КОВИД-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба саволҳои иштирокчиён посух гардониданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар муассисаҳои хизматрасонӣ чунин мониторингҳо гузаронида мешавад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.