Бо мақсади пешгирӣ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нав COVID-19 аз ҳисоби буҷети шаҳри Роғун ва ҷалби соҳибкорону саховатмандон беморхона ва шуъбаи сироятии шаҳр бо таҳҷизоти зарурӣ таъмин гардида, 2 адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуд.
Дар баробари таҷҳизот ва автомашина, табибон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ низ бо маводи ғизоӣ ва беморон ва шахсони дар карантин қарордошта бо маводи зарурӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд.
То имрӯз аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи умумии 669 ҳазору 600 сомонӣ ба соҳаи тандурустии шаҳри Роғун кумак карда шудааст, ки аз иқдоми неки соҳибкорони ватанӣ дарак медиҳад.
Ҳоло саҳми табибон ва ҳамшираҳои тиб дар пешгирӣ ва табобати коронавирус назаррас буда, онҳо шабу рӯз бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.