Баҳои баланди мутахассисони кишвари Полша ба фаъолияти табибони ВМКБ

Баҳои баланди мутахассисони кишвари Полша ба фаъолияти табибони ВМКБ
Июн 15
14:26 2020

Субҳи имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон Ёдгор Файзов намояндагони соҳаи тандурустии давлати  Полшаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ масъалаи табобати беморони гирифтори сироятии короновирус ё худ covid 19 дар вилоят мавриди таҳлил қарор дода шуд. Раиси вилоят Ёдгор Файзов қайд намуд, ки бо дастгирии табибони соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ ва истифода аз методҳои давлатҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кӯшишу ғайрати худ бар зидди бемории сироятии короновируси нави COVID-19 мубориза бурда истодааст.

Зикр гардид, ки хушбахтона рӯзҳои охир ин  беморӣ дар  ВМКБ коҳиш ёфта истодааст ва  дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои табибони  Полша барои кормандони соҳаи тандурустии вилоят хеле муҳим мебошад.

Намояндагони соҳаи тандурустии давлати  Полша изҳор доштанд, ки тӯли чанд рӯз аст, ки аз фаъолияти кормандони тандурустии ВМКБ диданд менамоянд: “Мо аз табибони вилоят чунин натиҷаро интизор набудем, онҳо дониши баланд доранд, нисбати фаъолияти худ хеле ҷидди ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад”,-афзуданд табибони кишвари Полша

Маврид ба зикр аст, ки шоми 6 июни соли равон як гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки  дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Ҳамзамон, субҳи 14  июн гурӯҳи дуюми  табибони Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иборат аз 9 нафар  ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Мақсад аз  ташрифи  гурӯҳи табибони кишвари Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,074
  • 1,242
  • 950,094