Боздиди мутахассисони соҳаи тибби Полша аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Июн 16
10:57 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, боздиди мутахассисони кишвари Полша аз муассисаҳои тандурустии мамлакат  идома дорад.

Дирӯз, 15 июни соли равон як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тибби кишвари Полша дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо табибони вилоят вохурӣ намуда, масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, имрӯз низ табибони Полша дар Беморхонаи вилоятии вилояти Суғд вохурӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шоми 6 июни соли равон як гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки  дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Ҳамзамон, субҳи 14  июн гурӯҳи дуюми  табибони Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иборат аз 9 нафар  ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Мақсад аз  ташрифи  гурӯҳи табибони кишвари Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва ВМКБ дидан намуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мубориза алайҳи бемории каронавируси КОВИД-19 табодули таҷриба намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 735
  • 1,242
  • 949,755