КОРОНАВИРУС. “ГУЛБАЗМ”-И ҲАРИФОНИ ИДЕОЛОГӢ ПОЁН МЕЁБАД

КОРОНАВИРУС. “ГУЛБАЗМ”-И ҲАРИФОНИ ИДЕОЛОГӢ ПОЁН МЕЁБАД
Июн 16
13:29 2020

Аз оғози соли нав то кунун инсоният ба мушкилоти бемории сироятии коронавирус COVID – 19 рӯ ба рӯ гардида, ҳатто кишварҳои абарқудрати олам, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратҳои бузургеро соҳиб ҳастанд, дар баробари ин фоҷиаи аср оҷиз мондаву аз он ранҷ мекашанд. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз асари сирояти ин беморӣ берун намонд.
Сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд моҳ пеш ба самти анҷоми корҳои омодагӣ барои пешгирӣ аз ин вабои аср нигаронда шуда буд. Дар натиҷа, имконоти мавҷудаи низоми тандурустии мамлакат барои ҷилавгирӣ аз сирояти ин беморӣ равона гардида, ҳамакнун мардуми тоҷик дар марҳилаи гузариш аз ин имтиҳони сангин қарор дорад.
Дар сафи пеши ин мубориза табибони тоҷик имрӯз саф кашидаанд, ки дар навбати аввал бо ҷасорат ва ҷавонмардӣ, нангу номуси ватандорӣ, садоқат ба қавлу қасами хеш амал карда, барои табобати мардуми азизи худ ҷон рӯи каф қарор доранд. Воқеан, ин арсаи имтиҳони навбатии тақдир ва таърих нишон дод, ки мардуми тоҷик чун аҷдоди шарафманди хеш садоқати бузургу беназире ба ормонҳои миллӣ, оини ватандӯстиву ватандорӣ дорад, яъне дар ҳалли тамоми мушкилу муаммои хеш, рафъи душворӣ ва мусибатҳои пешомада аз роҳи таҳаммулпазирӣ, ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат пирӯзӣ ба даст овардааст. Имрӯз низ ҳамин садоқат ба ормонҳои худро мардуми азизи тоҷик нишон дода истодаанд ва ҳар яке мехоҳад дар ҳалли ин мушкилот ва рафъи вабо саҳме гузорад.
Садоқат ба Ватану мардуми азизи хеш, расидан ба қадри давлати миллӣ, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо насиби мо гардид, мардуми миҳанпарасти моро водор намуд, ки канори ҳам биёянд, то дар ин арса роҳи наҷот ва пирӯзиро пайдо намоянд.
Аммо дар миёни ин ҳама талошу пайкорҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, мутаассифона, гурӯҳҳои манфиатхоҳ мусибату дард ва ҳатто пайомадҳои ин бемориро барои ғаразҳои шахсии хеш истифода мекунанд ва кирдорҳои душманонаи хешро бори дигар нишон медиҳанд. Наҳзатиҳое, ки аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ба  истифода  аз  эътимоду  бовари  мардум мехостанд, ки давлати миллии баъди ҳазорсола ба он дастёфтаи моро дубора аз миён бардошта, давлати ба ном исломӣ барпо кунанд, имрӯз боз фурсатталабӣ намуда, талош доранд аз ин мусибат ба нафъи худ истифода баранд. Мутолеаи маводи дар сомонаҳои хидматгузори ТТЭ ҲНИ ва саҳифаҳои пайравони он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда касро ба андеша водор мекунад, гӯё онон танҳо хабаррасонони маргу мир бошанд, танҳо аз марги шаҳрвандон мегӯянд. Ҳатто нафароне, ки аз асари бемориҳои дигар вафот кардаанд, ба бемории коронавирус нисбат дода, бо ҳамин роҳ ақидаҳои гумроҳсозандаро мепарокананд. Боре ҳам фикр намекунанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар мақоми ба ҳам омадан, ғояҳои ваҳдати башариро талқин мекунад бори дигар симои ҳақиқии онҳоро хоҳад шинохт. Ва табиист, ки мардуми ҷаҳон низ онҳоеро, ки дар чунин вазъияти ҳассос ба миллати хеш ихлосу иродат намеварзанд, қабул нахоҳанд дошт. Ё худ башарият дар чунин шароити ниёз ба ҳамдилӣ ва ягонагӣ ҳаргиз ихтилофкоронеро, ки ба халқу миллати хеш душманӣ доранд, намепазиранд, чун нифоқ ва душманӣ ба мардуми хеш дар ин айём метавонад душманӣ ба тамоми башарият бошад.
Чунин рафтори ноҷавонмардонаю амалкарди наҳзатиҳо як навъ беморист, бемории маъруф ба бадбинӣ. Асари ин беморӣ на камтар аз пайомадҳои коронавирус хоҳад буд, чун оқибат чашмҳо ҷуз бадиро шинохтан ба чизи дигар қодир намемонанд, дигар зебоиву шукӯҳу шаҳомат ва хубиву назокатро мушоҳида карда наметавонанд, ки ниҳоят бар зарари соҳиби чашми тирабин тамом мешавад.

Нуралӣ НУРЗОД, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филология

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 737
  • 1,242
  • 949,757