Зиёда аз 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргардонида шуданд

Зиёда аз 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргардонида шуданд
Июн 20
12:29 2020

Имрӯз, 20 июн 553 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имрӯз беш аз 100 шаҳрванди кишвар, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

«Дар ин росто ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусоидати фаврӣ ҷиҳати убури бемамониати сарҳад ва ташкили долони транзитии мустақим барои ҳаракати шаҳрвандони кишвар ва ба Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои мусоидат дар пешниҳоди воситаҳои нақлиёт барои интиқоли ҳамватанон изҳори сипос мегардад»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760