Муроҷиати сокинони Рӯшон ба Кабирӣ: «Мардуми ноҳия чӣ кор карданашонро медонанд ва ба дасисаҳои ту ниёз надоранд»

Муроҷиати сокинони Рӯшон ба Кабирӣ: «Мардуми ноҳия чӣ кор карданашонро медонанд ва ба дасисаҳои ту ниёз надоранд»
Июн 23
08:28 2020

Маркази матбуоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дирӯз маводеро бо номи «Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Рӯшон ба хоини миллат, ҷинояткор Муҳиддин Кабирӣ» мунташир сохт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муаллифони нома ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом муроҷиат намуда, гуфтаанд, ки  дар паҳлӯи Ҳукумат ҳастанд, қонунро риоя мекунанд ва ба дасисаҳо аз хориҷ дода намешаванд.

«Мардуми ноҳияи Рӯшон ҳамарӯза​ дастгириҳои Ҳукумати кишварро баръало эҳсос менамоем. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ муҳайё карда шудааст», — омадааст дар нома.

Дар  ин нома ишора меравад, ки Кабирӣ чанде пеш дар як навор гуфтааст, ки «миллат бояд дар паҳлӯи мардуми Рӯшон бошад».

Муаллифон ин гуфтаҳои ӯро макру фиреби навбатӣ дар истифодаи сокинон дар «ҷиноятҳои тарҳрезишудаи Кабирӣ» хондаанд.

Дар нома гуфта мешавад, ки «ду ҷинояткоре, ки кирдорҳои онҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеаи Рӯшон гаштааст», мавриди таърифу тавсифи мухолифин қарор гирифтаанд.

«Дар ноҳияи Рӯшон қонуну қоида пойдор буда, мақомотҳои қудратӣ вазифаҳои худашонро иҷро мекунанд. Мардуми Рӯшон бошанд чӣ кор карданашонро медонанд ва ба дасисаҳои ту ниёз надоранд. Аз як кирдори номатлуби дар як кӯчаи рӯшон содиршуда ту ҳангома насоз. Мардуми Рӯшон туро як ҳиёнаткор ва бозичаи дасти баъзе давлатҳо медонанд», — афзудаанд сокинон.

Дар муроҷиат тазаккур дода шудааст, ки мардуми Бадахшон, аз ҷумла аҳолии ноҳияи Рӯшон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, тамоми қувваи ҷисмонию зеҳнии худро баҳри амалӣ сохтани дурнамо ва нақшаҳои Ҳукумати кишвар равона месозем. «Мо медонем, ки тамоми дастуру супоришҳо ва корҳое, ки (аз ҷониби Ҳукумат) дар ноҳияи мо анҷом дода мешаванд, ба нафъ ва барои беҳбудии мо нигаронида шудаанд», — хулоса кардаанд муаллифони нома.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 934
  • 1,242
  • 949,954