Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм кишвари пешсаф аст

Апрел 22
10:35 2022

Боиси сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъол ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ба монанди норасоии оби ошомиданӣ ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, аз ҷумла терроризм ва экстремизим шинохта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои солҳои 2013-2020 қабул намуда, инчунин дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои нави дигарро низ қабул ва мавриди амал қарор дода истодааст.

Дар воқеъ, терроризм ва экстремизм  айни ҳол аз хавфноктарин падидҳои номатлуби аср барои сулҳу оромии сокинони ҷаҳон ба шумор мераванд.

Қатлу куштор ва хунрезиҳои шадид дар як қатор минтақаҳои олам худ далели раднопазири онанд, ки терроризм ва экстремизм душмани башарият ба ҳисоб рафта, инсон дар назди чунин гурӯҳҳои хатарзо заррае ҳам қадр надорад.

Маҳз дар пайи амалҳои номатлуб ва даҳшатафкани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди бегуноҳҷони худро аз даст дода, кӯдакони бешумор ятим мемонанд.

Дар пайи ҳузури чунин гурӯҳҳои берун аз чаҳорчубаи инсоният дар як қатор минтақаҳои олам амалкунанда имрӯзҳо ҳазорон оилаҳои осоиштаву хушбахт ба гирдоби мотам мепечанд, модарон дар ҳасрати фарзанд ва фарзандон дар ҳасрати волидон хуни дил мехуранд.

Арзандаи шукргузорист, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо бузургтарин неъматҳои давлатдорӣ-сулҳу оромӣ ва ваҳдати комилро дорад ва сокинонаш дар сояи амну осоиш умр ба сар мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ангӯштшумортарин кишварҳои олам ба шумор меравад, ки сулҳу суботи комил дар он ҳукмрон буда, касе  ба ҷонаш заррае хатарро эҳсос намекунад.

Бо назардошти ин омил, чандин маротиба зимни назарсанҷиҳои ниҳодҳои байналмилалӣ аз рӯи бехавф ва амн будан барои сайёҳони хориҷӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олам мавқеъҳои хеле намоёнро касб намудааст.

Бинобар ин, имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ зарур аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани  ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои бузург баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад.

Зеро, ин марзу бум аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро ба мисли ҷон дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем.

Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази  талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омиле онро халалдор созад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 516
  • 956
  • 913,216