Июн 23
09:25
2020
Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1”-и пойтахт пас аз пурра шифо ёфтан ва рухсат шудани шаҳрвандон барои ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргаштан омода мешавад.
Бо ин мақсад имрӯз, 23 июни соли равон дар муассисаи мазкур корҳои безараргардонӣ оғоз ёфта, пас аз пурра поккорӣ шудан он ба фаъолияти муқараррии корӣ бармегардад.
Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат пас аз шифо ёфтан ва рухсат шудани шаҳрвандон баъди анҷом додани корҳои безараргардонӣ ба фаъолияти муқаррарии корӣ омода мешаванд.