Ваҳдат-асоси хушбахтӣ ва саодати халқ мебошад

Ваҳдат-асоси хушбахтӣ ва саодати  халқ мебошад
Июн 25
09:13 2020

“Бо дарназардошти он, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯсти мамлакат аз он иборат аст, ки  ин неъмати бебаҳоро омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистони биҳиштосо ҳифз намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”,-чунин иброз намудааст Абдулҳаким Холзода, Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як паёми табрикотии хеш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Матни пурраи табрикотии Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Холзода ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Moh.tj ирсол гардид, ки инак пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад:

-Тавре ба ҳамагон маълум аст, 27 июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.

Бо шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

Ин ҷашни фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Дар воқеъ, мо хушбахттарин инсонҳое мебошем, ки дар кишвари орому осуда зиндагӣ мекунем. Бояд гуфт, ки  дар тули ин солхо Точикистони азиз тавонистааст ба як кишвари зебову дилкаш мубаддал шавад.  Ваҳдати миллист, ки байни мардум дӯстӣ ва рафоқатро фароҳам месозад.

Ваҳдат – беҳтарин неъмати ҳаёти инсонӣ, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва ҳастиву зиндагии шоистаи ҳар як инсон ба шумор меравад.

Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармо мебошанд, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда,  ба хонадони ҳар яки онҳо оромиву осудагӣ, саломативу сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.

Бигзор кабутари Ваҳдат ҳамеша дар фазои софу беғубори Ватани азизамон дар парвоз бошад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 899
  • 1,242
  • 949,919