Маросими ифтитоҳи лоиҳаи муштараки Россия ва ТУТ дар соҳаи кӯмаки тиббӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон дар Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи лоиҳаи муштараки Россия ва ТУТ дар соҳаи кӯмаки тиббӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон дар Тоҷикистон
Май 18
16:58 2021

Имрӯз, 18 май дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) оид ба «Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон, кӯдакони навзод ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки онро Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мекунад.

Дар ин маросим муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, менеҷери Барномаи Дафтари ТУТ Мартин Вебер, инчунин як гурӯҳи мутахассисон аз Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, аз  ҷумла мудири шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Маркази миллии тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатология ба номи Академик В.И. Кулаков Екатерина Львовна Яроцкая, сардори шӯъбаи таълими симулятсияи ин марказ Елизавета Мухтаевна Хаматханова ва педиатр дар Маркази миллии тадқиқоти тиббии солимии кӯдакон Иля Леонидович Митюшин  ширкат  намуданд.

Тавре зикр гардид, лоиҳаи мазкур давоми солҳои 2021-2023 амалӣ карда мешавад, ки мақсади он баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ дар беморхонаҳо барои коҳиш додани фавти модарон ва кӯдакон,  суръат бахшидан ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи ин чорабинӣ мутахассисони ТУТ аз марказҳои ҳамкории Русия – Маркази миллии тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатология ба номи академик В.И.Кулаков  барои мутахассисони тоҷик як қатор тренингҳо оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон баргузор менамоянд. Лоиҳа инчунин интизор дорад, ки беморхонаҳо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шаванд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Федератсияи Россия тақрибан 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст.

Бояд гуфт, ки чунин лоиҳаҳо бо дастгирии Россия дар кишварҳои Ветнам, Қирғизистон ва Муғулистон низ амалӣ карда мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 448
  • 1,242
  • 817,729