Дар Душанбе ҷаласаи сайёр бо мақсади пешгирӣ аз COVID-19 баргузор гардид

Дар Душанбе ҷаласаи сайёр бо мақсади пешгирӣ аз COVID-19 баргузор гардид
Июл 03
12:29 2020

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳотамҷон Дадабойзода, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва намояндгони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута дар боғи ба номи С. Айнӣ ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 доир гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Зимни мулоқот аз фаъолияти кории гурӯҳҳо натиҷагирӣ гардида, вобаста ба идомаи тадбирҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сипас гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро дар маконҳои муайянгардида бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти ниқобҳои муҳофизатии тиббии ройгон ба роҳ монданд.

Мавриди зикр аст, ки кормандони милитсияи пойтахт низ ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ шомил буда, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарғибу ташвиқи василаҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории ҳамагир кору амалиётҳои профилактикиро дар байни сокинону меҳмонони пойтахт фаъолона ба роҳ мондаанд. Метавон гуфт, ки танҳо ҳамаи мо шаҳрвандон дар ҳамбастагӣ метавонем ба ҳар мушкилоте аз ҷумла ин бемории сироятӣ ғолиб омада, саломатии худ ва аҳли хонадони худро нигоҳ дорем.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 960
  • 1,242
  • 949,980