Июл 09
14:51
2020
Ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат маводҳои тиббӣ дастрас гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки маводҳои тиббии мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мавод ва таҷҳизотҳои тиббӣ нигаҳдорӣ шудаанд, ки мувофиқи талабот ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас гардонида мешаванд.