Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Агентӣ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Агентӣ
Июл 15
16:23 2020

Имрӯз, 15 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолияти  агентии мазкур дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 баргузор гардид, ки дар он  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор, сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мудирони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа доир ба фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  нимсолаи аввали  соли 2020 муовини директори агентии мазкур Назархудо Дилшодов баромад намуд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ давоми нимсолаи аввали соли 2020  корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1190 нафар бошандагон, аз ҷумла 665 нафар мард, 525 нафар зан ва аз инҳо 101 нафар кӯдакони маъюб қарор доранд, ки аз  ин шумора маъюбони гуруҳи якум – 265 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 565 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм – 12 нафар мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва малакаҳои кории онҳо 16 маротиба машғулиятҳои байниидоравии бозомӯзӣ  гузаронида шуданд, ки дар онҳо ҷамъ 298 нафар мутахассисон иштирок доштанд.

Ҳамин тариқ, давоми 6 моҳаи аввали соли 2020 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ ва  муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ба 7277 нафар пиронсолону маъюбон ва ба 2870 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд хизмати  иҷтимоӣ ва тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ расонида шуда, дар маҷмӯъ аз хизматрасонии ин шабакаҳо 10 155 нафар ниёзмандон истифода намуданд.

Дар маҷмӯъ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Агентӣ 99 ҷойҳои нави корӣ ташкил намуда,  99 нафар кормандонро ба кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин намуд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷониби муовини вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 902
  • 1,242
  • 949,922