Камйодӣ-омили аслии пайдоиши бемории ҷоғар

Камйодӣ-омили аслии пайдоиши бемории ҷоғар
Март 17
15:01 2021

Камйодӣ яке аз бемориҳои афзоянда дар байни мардуми курраи замин ба шумор рафта, тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар олам наздики 1,5 миллиард одамон мубталои бемории ҷоғар мебошанд, ки Тоҷикистон низ аз  ин шумор берун нест.

Ғадуди  сипаршакл  яке аз узвҳои системаи эндокринӣ мебошад, ки ба воситаи ҳормонҳояш – тироксин, ватрий ва одтиронин дар мубодилаи моддаҳои ҷисм нақши асосиро мебозад. Ғадуди сипаршакл дар қисми пеши гардан, дар болои ҳалқ ва қисми болоии нойи нафас ҷойгир шуда, барои ҳосил намудани ҳормонҳои ғадуди сипаршакл йод лозим аст. Ғадуди сипаршакл ҳормонҳои худро бевосита ба хун хориҷ намуда, он пеш аз ҳама ба ҷараёни барқароршавӣ, мубодилаи чарб, қадкашӣ, вазн, қобилияти ақлонӣ ва инкишофи  ҷисмонӣ таъсир мерасонанд.

Яке аз бемориҳое, ки сабаби асосиаш норасоии йод дар организм аст, бемории ҷоғар мебошад. Нишонаи маълуми ҷоғар пайдошавии варам дар пеши гардан мебошад, ки аксар вақт беморро ба ташвиш намеоварад. Бинобар ин бемор муддати зиёд ба табиб муроҷиат намекунад.

Роҳи маълумтарини пешгирии норасоии йод дар организм  истеъмоли намаки йоднокардашуда мебошад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки яке аз усулҳои беҳтарини пешгирӣ намудани ин беморӣ ба намак ҳамроҳ кардани йод мебошад. Зеро, намакро ҳама истеъмол менамоянд ва он маводи арзон буда,  ба ҳама дастрас аст. Чун намак дар миқдори кам истифода мешавад, нисбати дигар мавод йодро ба он бисёртар ҳамроҳ кардан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002   Қонун “Дар бораи  йодноккунии  намак”-ро қабул  кард, ки он нишонаи ғамхории давлат дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон мебошад. Қонуни мазкур дар ҳифзи беҳдошти мардум ва ба ин васила коҳиш додани бемории ҷоғар саҳми назаррас дорад.

Бояд гуфт, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои йодноккунии намак аз маҳлули йодати калий истифода бурда, барои як тонна намак 30-60 грамм йодати калий ҳамроҳ кардан муқаррар шудааст, ки истеъмоли чунин намак барои пешгирии норосоии йод кофист.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки намаки йоднокро аз ҳад зиёд низ истеъмол кардан мумкин нест. Он миқдор йод, ки ба намак илова мешавад, талаботи шабонарўзии одамро бо йод пурра таъмин мекунад.

Намаки йоднокро дар зарфи сарпўшида, дар ҷои хушк бояд нигоҳ дошт. Мӯҳлати нигоҳдории намаки  йодати калийдор аз 9 то 12  моҳро дар бар мегирад.

Ба шахсони гирифтори бемории ҷоғар таъин намудани маводи дорувории йодати калия ва истеъмоли  маҳсулоти баҳрӣ, ки дар таркибашон миқдори зиёди йод доранд (ба монанди  моҳии баҳрӣ, карами баҳрӣ) тавсия дода мешавад.

Бояд гуфт, ки норасоии йод барои ҳамаи узвҳои  инсон оқибатҳои ногувор дорад. Дар сурати норасоии йод инкишофи асаб ва афзоиши устухонҳо дар инсон суст шуда, дар овони кўдакӣ боиси заифии рушди тафаккур ва ҳатто ноқисулақлӣ  низ мегардад.

Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки йод дар семоҳаи ташаккули ҷанин дар батни модар ва дар се соли аввали ҳаёти кўдак хеле муҳим аст, зеро инкишофи ҳуҷайраҳои мағзи сар аз таъминоти кофии гормонҳои ғадуди сипаршакл бо йод вобастагии калон дорад.

Муайян карда шудааст, ки дараҷаи инкишофи ақлонии кўдаконе, ки дар минтақаҳои аз йод танқисӣ  дошта зиндагӣ мекунанд , то 10-15% кам аст. Ин нишондод албатта ба қобилияти дарсазхудкунии  хонандагон,  саломатии занон, сатҳу сифати зиндагонии ҷомеа ва самаранокии иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тавр дар ҳолати норасоии йод  вайроншавии мутобиқати ҳаракат, вайроншавии нутқ, пастшавии шуур, биниш ва шунавоӣ,  гунгӣ, фалаҷи ҷузъӣ ва ноқисулақлӣ (кретинизм ) ба вуҷуд меояд.

Бино ба гуфтаи табибон,  норасоии  йод дар давраи ҳомиладорӣ  хатари ҷиддӣ дорад. Ҳомиладорӣ давраест, ки дар он ғадуди сипаршакли зани ҳомила якбора ба ду ҷисм – модар ва кўдаки дохили батн хизмат мекунад ва кори ғадуди сипаршакл дучанд зиёд мешавад. Ҳомиладорӣ яке аз омилҳоест, ки таъсири камйодиро ба ҷисми модар ва кўдак меафзояд ва он дар навбати худ ба бемориҳои камйодӣ оварда мерасонад. Норасоии йод дар давраи ҳомиладорӣ ба баччапартоӣ, мурдатаваллудкунӣ, тавлиди тифли дорои осеби мағзи сар ва безуриётӣ оварда мерасонад.

Баъзе одамон ва табибони мардумӣ ба табобати худсаронаи ҷоғар даст мезананд ва аз он ҷумла роҳи ба об ва шир ҳамроҳ кардани қатраҳои йоди аз дорухонаҳо гирифтаро тавсия менамоянд, ки ин нодуруст аст. Аз таҷрибаи мутахассисон бармеояд, ки ин гуна табобат ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад. Барои афзоиши ҷисми кўдак ғизои солим зарур аст, ки дар таркиби он ба ғайр аз меъёри муайяни сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо инчунин моддаҳои минералӣ,  яъне йод, оксиди фолиев-оҳан, фосфор, магний, молибден, калсий, мис ва ғайра лозим аст.

Дар хотир бояд нигоҳ  дошт, ки аломатҳои бемории ҷоғар ва ҳатто ҷоғари начандон калон, ки дар байни мардум бештар дучор мешавад, метавонад бе дард гузарад ва беморон шикоят накунанд. Вале ин ҳолат ба қобилияти  ақлонии одамон таъсири манфӣ мерасонад.

Мутахассисон соҳа нишонаҳои  умумии ҷоғарро чунин муайян намудаанд:

-эҳсоси нофорамӣ дар гардан;

-ҳисси фишор ва чизи лундашакл дар ҳалқ;

-варами пеши гардан, ки ба чашм аён аст;

– мушкилшавии фурубарии оби даҳон;

–  тез -тез сулфидан;

– гирифтани овоз;

– вайроншавии давраи ҳайз дар занон;

– камшавии қобилияти ҷисмонӣ ва фикрронӣ;

Дар мактаббачагон ҳангоми пайдошавии бемории ҷоғар аломатҳои зерин мушоҳида мешаванд:

– варами гардан;

-хасташавии зиёд;

-пастшавии аз худкунии дарс;

– қафомонии ҷисмонӣ, ақлонӣ ва фикрронӣ;

– дилтангӣ ва асабоният.

Дар ҳолати пайдоиши чунин аломатҳо ба табиби эндокринолог муроҷиат намудан лозим аст. Табиб бо ламс кардани ғадуди сипаршакл дараҷаи ҷоғарро муайян намуда,  дар ҳолати зарурӣ ултрасадои ғадуди сипаршакл ва ҳормонҳои ғадуди сипаршаклро таъин мекунад.

Бояд гуфт, ки пешгирии ин беморӣ нисбати табобаташ хеле осон ва арзон мебошад. Баланд бардоштани маънавиёти тиббии мардум ба  амалӣ шудани ин нияти нек алоқаманд буда, танҳо сиҳатии комил имконият медиҳад, ки инсон вазифаи худро дар зиндагӣ пурра амалӣ карда, аз натиҷаҳояш баҳраманд гардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 328
  • 989
  • 887,682