Бо супориши Пешвои миллат лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой таҳия гардиданд

Бо супориши Пешвои миллат лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой таҳия гардиданд
Июл 17
11:11 2020

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд.  Ин матлабро раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма баён дошт.

«Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия гардида, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд. Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД «Лоиҳакаш» муроҷиат намоянд»,-афзуд раиси Кумита.

Ҷамшед Аҳмадзода ҳамчунин таъкид намуд, ки масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»  муроҷиат намоянд. 

Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо супориши Пешвои миллат аз рӯи Беморхонаи  касалиҳои сироятӣ, ки дар ноҳия Данғара сохта мешавад, лоиҳаи намунавӣ таҳия гардад. Лоиҳаи намунавӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуд. Бинои мазкур аз  5 ошёна иборат буда, дорои 175 кат мебошад. Бино дар маркази шаҳру ноҳияҳо вобаста ба аҳолӣ қисман аз  буҷет ва аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,066
  • 1,242
  • 950,086